МАНСАБДОРОНИ ЧИН СОЛИ НАВРО ХОКСОРОНА ҶАШН МЕГИРАНД

Январь 3, 2009 10:38

       Пекин,  3  январ.(АМИТ «Ховар» —  Кабар). – Мансабдорони  Чин  имсол   иди  Соли  навро   хоксорона  ҷашн  мегиранд. Дар  ин  бора Комиссияи  марказии  тафтиши  интизоми  Ҳизби  коммунисти  Чин   қарори  дахлдор  қабул  намуд. Мувофиқи  қарори  мазкур   гузаронидани  ҳар  гуна  зиёфатҳо,  сафару  саёҳатҳои  тӯлонӣ  ва  ба  ҳамдигар  додани  тӯҳфаҳои  гаронбаҳо  манъ  карда  шудааст.      Ҳамаи  ин тадбирҳо  дар  мамлакат  дар  доираи  мубориза  ба  муқобили   ришвахӯрӣ  андешида  мешаванд, ки    вақтҳои  охир   дар  байни  мансабдорон   хеле  авҷ  гирифтааст.  Роҳбарияти  ҳизб  бо назардошти  аз  кор  маҳрум  гардидани  ҳазорон  нафар  одамон   дар  натиҷаи бӯҳрони молиявӣ аз норозигии  мардум  дар  ҳарос  мебошад.       Иди  Соли  нав   дар  Чин  яке  аз  идҳои   асосӣ  ба  шумор  рафта,  ботантана   таҷлил  карда  мешавад. Имсол  мардуми  Чин Соли  Бақарро 26  январ ҷашн  мегирад.

Январь 3, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад