МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ «ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» БАРОИ ЯТИМДУХТАРОН ТАЪСИС ЁФТ

Январь 12, 2009 15:35

Душанбе, 12 январ (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Соли 2008 маҳз  бо мусоидат ва дастгирии Президенти кишвар Эмомали Раҳмон фаъолияти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ёфта, теъдоди кормандони он аз 10 ба 19 нафар зиёд карда шуд, ки ин ба густариши фаъолияти Кумита мусоидат намуд, — иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ. Ҷиҳати иҷрои Барномаи  давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» кормандони Кумита бо таҷҳизоти компютерӣ,  40 нафар бошандагони хобгоҳи ятимдухтарон ва духтароне, ки дар аспирантура бо  баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, бо идрорпулй таъмин гардиданд. Бо ҳамдастии Созмони байналмилалии ЮНИФЕМ 16 ноҳияи  ҷумҳурӣ дар  назди Кумита ва шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи Марказҳои машваратии  ҳуқуқӣ ифтитоҳ  ёфт ки ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон аст,-идома дод Хайринисо Юсуфӣ. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои ятимдухтарон ба тасвиб расид, ки ҳадафи асосии он чалби духтарон ба корҳои сарварист. Боиси тазаккур аст, ки дар назди хобгоҳи ятимдухтарон Маркази офиятдиҳӣ  низ ифтитоҳ  ёфт ва дар ин самт  бо  ЮНИС'ЕФ меморандум ба имзо расид.  Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шӯрои Кумита ба 15 нафар бонувоне, ки машғули корҳои илмианд, ба ҳар кадоме ба маблаги 200 сомонӣ идрорпулӣ супорида шуд. Иқдоми дигари арзишманде, ки аз ҷониби Кумита рӯи кор омад, барг узор гардидани Конфронси Ҷумҳуриявии «Зан ва муҳоҷират» буд. Қаблан, ҷиҳати омодагӣ ба конфронси мазкур ва бо мақсади омӯхтани вазъи кору рӯзгори муҳоҷирон Раиси Кумита ба Федератсияи Русия сафар намуда, бо бонувони муҳоҷир, марказҳои тоҷикон ва мақомоти масъули он кишвар  сӯҳбату мулоқотҳо анҷом  дод, зикр кард Хайринисо Юсуфӣ.  

Январь 12, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад