МАВҶИ ЗИЛЗИЛА ДАР МАМЛАКАТҲОИ ШАРҚ

Январь 4, 2009 16:41

          Ҷакарта, 4  январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). —  Ҳафтаи  гузашта  дар  баъзе  мамлакатҳои  қисмати  ҷанубу  шарқии  Осиё   силсилаи  тӯфонҳои  баҳрӣ   ва  зилзилаҳои  хурду  калон  ба  қайд  гирифта шуд. Айни  ҳол  хавфи   паҳн  шудани  тӯфони  баҳрӣ   дар  минтақаҳои  Шарқи  Дур    аз  байн  рафтааст.  Шабонарӯзи  гузашта   соҳилҳои  ҷанубии  Ҷопонро   мавҷи   баландиаш  40  сантиметраи  тӯфони  баҳрӣ   фаро  гирифт.  Мавҷи  мазкур  дар  нимароҳ   хомӯш  гашта ба  ҷазираҳои  шимолӣ нарасид.    Айни  ҳол  эҳтимоли  ба  ҷазираҳои Курил,  ҷазираи  Сахалин  ва  нимҷазираи  Камчатка  расидани  мавҷи  тӯфон  вуҷуд  надорад.          Субҳи  рӯзи  якшанбе  дар  Ӯзбекистон  замин  ҷунбид. Қувваи  он  дар  шаҳрҳои  Тошканд,  Самарқанд,  Андиҷон ва  Тирмиз  ба  се  балл  мерасид.   Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда,  маркази   зилзилаи  мазкур  дар  кӯҳҳои  Ҳиндукуш  воқеъ гардида  буд. Қувваи  он  дар  марказаш  қариб 6  балро  ташкил   дод.          Хабар  дода  мешавад, ки  дар  Ӯзбекистон  29  декабр  низ  зилзила  ба  амал  омад.  Қувваи  он  дар  Тошканд  2  балл ва  дар  Самарқанд  3  балл  буд. Рӯзи  гузашта  дар  қисмати  шимолу  шарқии  Покистон  замин  бо  қувваи  5,9  балл  ҷунбид.  Хабарҳо  дар  бораи   харобиҳо  ва  қурбониёни  зилзила тафтиш  карда  мешаванд. Зилзиларо  сокинони  шаҳрҳои Пешовар, Читрол, Лоҳур,  Манчеҳра  ва  Музаффаробод  ҳис  намуданд.       Хабар  дода  мешавад, ки    дар  баъзе   минтақаҳои  Покистон  хонаҳои  похсагин хароб  гардиданд.  Одамон  аз  такрор  шудани  зилзила  ҳаросида,  шабро  дар  ҳавои  кушод  гузарониданд. Шаби  гузашта  дар  вилояти  Папуаи  қисмати  шарқии  ҷазираи  Гвинеяи  Нав  низ  замин сахт  ҷунбид.      Дар  ин  ҷо  хатҳои  интиқоли  барқ  бар  асари  зилзила  канда шуда,   баъзе  биноҳо  зарар  диданд.

Январь 4, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад