МУҒУЛИСТОН БА ФАЪОЛИЯТИ ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ МАРОҚ ЗОҲИР М

Январь 29, 2009 11:41

                    Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Муншии умумии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Тоҳир Мансуров бо вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Муғулистон Сӯҳбатарин Батболд мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муншии умумии ҷомеа ба вазири Муғулистон дар бораи ҷараёни иҷрои қарорҳои сарони давлатҳо дар масъалаи ташкили Иттифоқи гумрукҳо, фазои воҳиди иқтисодӣ, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ дар байни мамлакатҳои аъзои созмон маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии Муғулистон ба масъалаҳои ташкилии фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла, мақоми мушоҳид дар он мароқ зоҳир намуда, зикр намуд, ки роҳбарияти мамлакаташ фаъолияти ҷомеаро дар масъалаи равнақу ривоҷи ҳамкории бисёрҷониба бо диққати калон меомӯзад.                        Бояд гуфт, ки Муғулистон бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамсояаш муносибатҳои дӯстона дорад ва мехоҳад бо мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия ҳамкорӣ намояд. Т.Мансуров зикр намуд, ки густариши равобити ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои ҷомеа ва Муғулистон ба манфиати ҳамаи халқҳои қитъаи Евразия мебошад.

Январь 29, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад