МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТӢ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар»). — 20 январ таҳти Раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони бархе аз вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат муҳокимаи парламентӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, роҳбари гуруҳи корӣ Абдуманнон Холиқов дар назди иштирокчиёни ҷаласа баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки зарурати қабул намудани чунин қонун, бо мақсади ба таври дақиқ ба низом андохтани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишварҳои аъзо, ҳанӯз соли 1995 дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба миён гузошта шуда, Қонуни намунавӣ, ки характери тарбиявӣ дошт қабул гардида буд. Дар асоси ин қонун дар як қатор давлатҳои Иттиҳод, аз ҷумла, дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Кирғизистон, Ӯзбекистон Туркманистон, Арманистон ва Белорус қонунҳо дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бори аввал соли 1998 Қонун дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида буд, ки он то соли 2003 бо тағйиру иловаҳои дахлдор амал мекард. Вале сол ба сол ҳаёт масъалаҳои навро ба миён мегузорад ва дар баробари ин роҳи ҳалли онҳоро низ худ нишон медиҳад. Бо назардошти ин нуқтаҳо бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Омӯзиши пешакии лоиҳаи пешниҳодгардида, дар кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва аз ҷониби мутахассисони муассисаҳои илмии кишвар нишон дод, ки дар лоиҳа як қатор норасогиҳо ва ихтилофот ба назар мерасанд ва мақсади гурӯҳи корӣ пеш аз ҳама ислоҳ кардани чунин ихтилофҳо мебошад. Ҳамчунин дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон вазири адлияи ҶТ Б. Худоёров, мудири шӯъбаи масоили назарияи ҳуқуқи муосири Донишгоҳи давлатӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ А. Неъматов ва дигарон баромад намуда, роҷеъ ба мақсад ва мундариҷаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» маърӯза намуданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






