МУАССИСАҲОИ ТИББИИ БЕҲТАРИНИ СОЛ МУАЙЯН КАРДА ШУД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи озмуни муассисаи беҳтарини соли 2008 ҷамъбаст гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд, Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ дар байни муассисаҳои зертобеи раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ғолиб эълон карда шуд. Инчунин, Маркази илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина, беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маркази вилоятии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Маркази эндокринологии вилоятии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав ҳамчун муассисаҳои беҳтарини сол дониста шуданд. Ба роҳбарони беморхонаҳо сертификати муассисаи беҳтарини сол ва як адади компютер тақдим карда шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






