МУДИРИ АНБОР МОЛУ АШЁИ БА Ӯ БОВАРКАРДАШУДАРО ТАСАРРУФ НАМУД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Мудири анбори ҶСШК «Кӯлобгаз»-и шаҳри Кӯлоб Сангаҳмад Сабзалиев аз соли 2004 то ин ҷониб аз вазифаи худ истифода намуда, ба маблағи 268 169 сомонӣ молу ашёи ба ӯ бовар карда супорида шударо тасарруф кардааст. Номбурда бо ин кирдораш ба давлат ба маблағи 268 169 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки С. Сабзалиев тибқи моддаи 245, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ тафтиш идома дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






