МУКОФОТҲО БА ДОНИШҶӮЁНИ БЕҲТАРИН

Январь 10, 2009 13:36

          Хуҷанд, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар Хуҷанд ба шарафи донишҷӯёни мактабҳои олии  вилояти Суғд, ки дар маъракаи ҷамъоварии пахта фаъолона ширкат варзида, аз ҳама бештар пахта чидаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба 34 нафар донишҷӯи фаъолу пешқадам ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорид. Яке аз онҳо донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров Моҳира Эркабоева аст, ки зиёда аз 7 ҳазор килограм пахта чидааст. Мудири шӯъбаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рустам Усмонов ба АМИТ «Хвар» хабар дод, ки мавсими гузашта дар маъракаи ҷамъоварии пахта бештар аз 7 ҳазор донишҷӯ ширкат варзид. Онҳо ихтиёран ба деҳқонон кӯмак расонданд, гуфт Р. Усмонов.

Январь 10, 2009 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад