МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ КАЙ ЭЙДЕ

Январь 24, 2009 12:08

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт.                Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд.               «Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо назардошти омилҳои умумиминтақавӣ метавон бартараф намуд, аз ин хотир кӯмак ба Афғонистон бояд ҳамчунин аз тариқи мусоидат ба ҳамаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расонда шавад», — таъкид намуд зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.                 Истифода аз имконоти васеи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла нақлиётӣ ва техникии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад, дар барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари ҷангзада муҳим арзёбӣ гардид. Таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон низ барои Афғонистон судманд маънидод гардид.                «Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва татбиқи босамари лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва саноатии худ Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад Афғонистонро бо нерӯи барқ ва қисман бо маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ таъмин намояд», — бо эътимод таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.              Кай Эйде изҳор дошт, ки лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд ва беҳтарини онҳо албатта татбиқ хоҳанд шуд.               Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқаш кӯмак расонад.              Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои ҳарбӣ сиёсии — Афғонистон, роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Январь 24, 2009 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад