МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОЛИД ИБН МУҲАММАД АЛ-АТИЯ

Январь 17, 2009 13:08

17 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Давлати Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ  Холид ибн Муҳаммад ал-Атияро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва дар заминаи онҳо таҳкиму густариш додани муносибатҳои  ба ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо 8 санади муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, сармоягузорӣ, асалпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра заминаи мусоиди ҳуқуқӣ эҷод гаштааст.Ҳамзамон таъкид гардид, ки ба татбиқи амалии онҳо бояд такони ҷиддӣ дода шавад. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор карда шавад. Ҳамчунин кушодани сафорати Тоҷикистон дар Қатар ва баръакс аз Қатар дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳо низ аз  самтҳои судманди робитаҳои дуҷониба маънидод гардид.Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва муносибатҳо дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.          Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.  

Январь 17, 2009 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад