МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО О. ПЕЛЕН
7 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Оливе Метленд Пеленро бинобар анҷом ёфтани муҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дипломатии ӯ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Ба гуфти Оливе Метленд Пелен, дар Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дарки нақши Тоҷикистон ва мавқеи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тайи чанд соли охир хеле беҳтар гаштааст. Ӯ изҳор намуд, ки Фаронса пайваста Тоҷикистонро мавриди дастгирӣ ва мусоидати худ қарор медиҳад, зеро ин кишвар дар Осиёи Марказӣ мавқеи муҳими стратегӣ дорад ва нақшаҳои судманди сиёсию иқтисодиаш дорои аҳамияти калон барои кули минтақа аст. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Фаронса ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯҳ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






