МУЛОҚОТИ КАЙ ЭЙДЕ БО ХАБАРНИГОРОН

Январь 26, 2009 14:36

                  Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар масъалаҳои Афғонистон Кай Эйде баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳамроҳи сарвари давлат масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистонро бо Созмони Милали Муттаҳид дар бобати барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъияти он мавриди баррасӣ қарор додааст. Вай зикр намуд, ки дар шароити имрӯза ҳамкории минтақавӣ хеле муҳим аст. Мамлакатҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаи таҳкими сулҳ ва ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон нақши калон бозида метавонанд. Далелҳои Президенти Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки мамлакати Шумо тайёр аст, ба Афғонистон ҳар чӣ бештар кӯмак расонад. Ман боварӣ ҳосил кардам, ки Тоҷикистон дар масъалаи барқарор намудан ва обод сохтани Афғонистон нақши муҳим бозида метавонад, гуфт намояндаи махсуси СММ.                  Зимни сӯҳбат бо Президент барномаҳое муҳокима шуданд, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Афғонистон аҳамияти калон доранд. Сохтмони роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан ва иншоотҳои гидроэнергетикӣ аз ҳамин қабиланд.                  Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар бобати пешрафти соҳаи кишорварзӣ дар Афғонистон кӯмаки калон расонда метавонад. Ба ин васила проблемаҳои таъмини об ва ирригатсия дар ин мамлакат ҳал карда мешаванд. К.Эйде зикр намуд, ки Афғонистон имрӯз ба обу қувваи барқ ва мутахассисони варзида эҳтиёҷи калон дорад. Тоҷикистон ба ин мамлакати ҷангзада дар ҳалли ин масъалаҳои ҳаётан муҳим кӯмак расонда метавонад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мусоҳибон зимни сӯҳбат ба вазъияти ҳарбию сиёсии Афғонистон низ дахл намуданд. К.Эйде таъкид кард, ки Афғонистон таҷрибаи истиқрори сулҳро аз Тоҷикистон омӯхта метавонад.

Январь 26, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд