МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Январь 23, 2009 17:04

               Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов 22 январ зимни мулоқоташ бо хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Пекин изҳор намуд, ки соли 2008 мустаҳкамӣ ва бештар ривоҷ ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Чинро бори дигар нишон дод. Вай зикр намуд, ки воқеаҳои асосии соли гузашта сафари давлатии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба Тоҷикистон ва сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин мебошанд. Ин сафарҳо самтҳои нави густариши муносибатҳои дуҷонибаро муайян намуданд.                Қайд карда шуд, ки соли 2008 дар байни Тоҷикистону Чин 17 ҳуҷҷати байниҳукуматию байниидоравӣ ба имзо расид. То аввали моҳи январи соли 2009 дар байни ҳар ду мамлакат 118 ҳуҷҷат имзо карда шуд. Дар давоми даҳ моҳи соли гузашта маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду мамлакат 978 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд аст.                Ба қавли сафир, соли гузашта дар хати сарҳади давлатии ҳар ду кишвар насб кардани сутунчаи марзӣ аз ҷумлаи воқеаҳоест, ки таҳкими бовариро ба ҳамдигар нишон медиҳад. Моҳи августи соли гузашта дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Чин баргузор гардиданд. Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии ин мамлакат ду баробар афзуд.                Қайд карда шуд, ки рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистону Чин ба мамлакатҳои ҳамдигар торафт бештар мегардад. Аз рӯи маълумоти ширкати давлатии ҳавонавардии «Тоҷик Эйр», соли 2008 ба воситаи ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин 28 288 ва аз Чин ба Тоҷикистон 29 650 мусофир кашонда шудааст.                Сафир хабар дод, ки консулхонаи сафорати Тоҷикистон дар Чин соли 2008 ба 7902 нафар раводиди сафар додааст.  

Январь 23, 2009 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад