МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ДАР СОЛИ 2008 БЕШТАР ГУСТАРИШ ЁФТАНД

Январь 5, 2009 14:24

        Душанбе,  5  январ. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Сафири  фавқулодда  ва  мухтори  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия Абдулмаҷид  Достиев  менависад, ки  муносибатҳои Тоҷикистону  Русия  дар  соли  2008  мисли  солҳои  гузашта  мустаҳкам  буда,  бештар   густариш  ёфтанд. Ба  ин,  пеш  аз  ҳама  мулоқотҳои  президентҳои ҳар  ду   давлат дар  ҷараёни  мулоқотҳои  сарони мамлакатҳои  ИДМ, Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия ва Созмони  ҳамкории  Шанхай   дар  шаҳрҳои  Маскав  ва  Душанбе  мусоидат  намуданд.  Сафари  расмии Президенти  Русия  Д.Медведев  ба  Тоҷикистон моҳи  августи соли  2008  муносибатҳо  ва  ҳамкории   ҳар  ду  мамлакатро  нерӯи  тоза  бахшид,  гуфт  А.Достиев.         Ба  қавли  ӯ,  маҷлиси  нӯҳуми  Комиссияи  байниҳукуматии  хамкории  иқтисодии  ҳар  ду  давлат дар  равнақу  ривоҷи  муносибатҳои   иқтисодию  тиҷоратии  ҳар  ду  мамлакат нақши  муҳим  гузошт.  Дар  он  масъалаҳои  муҳимтарини  ҳамкорӣ  муҳокима  ва  роҳҳои  ҳалли  онҳо  муайян  карда  шуданд. А.Достиев  мулоқоти  сеюми   намояндагони  парлумонҳои  Тоҷикистону  Русия  ва  мулоқоти  навбатии  намояндагони  зиёиёни  мамлакатҳои  ИДМ – ро  дар  Тоҷикистон  аз  ҷумлаи  рӯйдодҳои  муҳимтарини  соли гузашта  номид.      Қайд  карда  шуд, ки  кормандони  сафорати  Тоҷикистон  дар  Русия дар  тадбирҳои   вобаста ба   гузаронидани  Рӯзҳои  фарҳанги  Тоҷикистон  дар  шаҳри  Маскав,  аз  ҷумла,  академияҳои  молия  ва  гумруки   назди  Ҳукумати  Русия  ва  Донишгоҳи  давлатии  фарҳангу  ҳунари  ин  мамлакат  фаъолона  ширкат  варзиданд. Сафир   зикр  намуд, ки   соли  гузашта  дар  пойтахти  Русия  бахшида ба  ҳаёту  эҷодиёти   адибони тоҷик   силсилаи   мулоқотҳо  баргузор  гардиданд. Ӯ  дар  робита   мулоқотҳои  адабиро  бахшида ба  эҷодиёти  адибони тоҷик  Ҷумъа  Одина  ва  Лоиқ  Шералӣ,  инчунин  консерти устодони  санъати  Тоҷикистонро  мисол  овард.         Қайд  карда  шуд, ки  ин   мулоқотҳо  дар  доираи  таҷлили  1150 – солагии  асосгузори  адабиёти  классикии тоҷик  Абӯабдулло  Рӯдакӣ  гузаронида шуданд. Дар  доираи  Рӯзҳои  фарҳанги  Тоҷикистон  дар  Русия  дар  шаҳри  Маскав  таҳти  унвони «Осори  Рӯдакӣ»  конфронси   байналхалқии  илмӣ  баргузор  гардид. Онро сафоратхонаи  Тоҷикистон ҳамроҳи Иттиҳоди байналмилалии иттифоқҳои  нависандагони  ИДМ,  Пажӯҳишгоҳи  шарқшиносии  Академияи  илмҳои  Русия  ва Созмони  ҷамъиятии «Иттифоқи  тоҷикистониёни  Русия» ташкил  намуд. Ман ин ҷо  танҳо  баъзе  рӯйдодҳои  муҳимтарини  марбут ба   муносибатҳои  фарҳангии  Тоҷикистону  Русияро  ёдовар  шудам. Соли  2009 дар  назди  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Русия  вазифаҳои  нав  гузошта шудаанд, гуфт  дар  хотима  Абдулмаҷид  Достиев.

Январь 5, 2009 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд