МУСОДИРАИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР КӮЛОБ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддқов).- Тавре аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо максади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷораҳои таъхирнопазири мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор», рӯзи 26 январи соли 2009 кормандони Гурӯҳи фаврии дар минта¬қаи Кӯлоб будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа сокини шаҳри Кӯлоб Исоев Исоқ Гулмадович дастгир карда шуда, аз пинҳонгоҳи мавзеи «Бештегирмони» ҷамоати «3арбдор»-и ноҳияи Кӯлоб, ки ба номбурда тааллуқ дошт, беш аз 43 килограм маводи нашъао¬вар — 27 килограм чарс ва 16 килограм афъюн дарёфт ва мусодира гардид. Нисбати ин ходиса аз тарафи шуъбаи тафтишотии Гурӯҳи фаврии дар мин¬тақаи Кӯлоб будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милли парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






