НАҚШАҲОИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Масъалаҳое, ки Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта буд, дар даҳрӯзаи охир мавриди омӯзиш ва баррасии кормандон ва мутахассисони Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дода шуд. Бо ин мақсад вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо роҳбарони мауссисаҳои соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва ташкилотҳои илмӣ мулоқотҳоро анҷом дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти Вазорати фарҳанг Гулмаҳмад Давлатов иттилоъ дод, дар ҷараёни ин мулоқотҳо масоили ҳалталаби соҳа, роҳҳои иҷрои онҳо, аз ҷумла чопи силсилаи китобҳо, омода намудани намоишҳо ва гӯшаҳо бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам, санҷиши омодагии театрҳо ва иштироки онҳо дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту» ва як қатор тадбирҳо доир ба таҷлили 20- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






