НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ПОЙТАХТ ТАСҲЕҲ КАРДА МЕШАВАД?
Душанбе, 30 января. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади вусъати корҳо ҷиҳати тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2030 қарор қабул кард. Тибқи ин қарор дар пойтахт тендери кушод барои тасҳеҳи Нақшаи генералии пойтахт эълон карда шуд.Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ, ки дорои иҷозатномаҳои дахлдор мебошанд иштирок карда метавонанд. Озмун то 12 марти соли 2009 идома ёфта, на дертар аз 18 марти соли равон ҷамъбаст карда мешавад. Дар робита бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани тендер Комиссияи тендерии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Он вазифадор карда мешавад, ки баргузорӣ ва ҷамъбасти тендери кушод дар мӯҳлати зикргардида тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонад. Назорати иҷрои қарори мазкур ба ӯҳдаи муовини Раиси шаҳри Душанбе З.Муҳиддинов вогузор гардидааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






