НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ

Январь 22, 2009 16:47

                 Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 7 млрд. 807 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки 1 млрд. 127 млн. сомонии он ба кишти такрорӣ сарф шудааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад.                  Дар ин давра кишоварзон 943 ҳазор тонна ғалла, 353 ҳазор тонна пахта, 679 ҳазор тонна картошка, 904 ҳазор тонна сабзавот, 286 ҳазор тонна полезиҳо, 262 ҳазор тонна меваҳо, 118 ҳазор тонна ангур, 130 ҳазор тонна гӯшт, 601 ҳазор тонна шир, 151 миллион дона тухм, 2 ҳазору 59 тонна асал, 5 ҳазору 194 тонна пашм ва 2 ҳазору 749 тонна пилла истеҳсол намуданд, ки нисбати нишондиҳандаҳои соли 2007 аз ҳамаи намудҳои маҳсулот, ба гайр аз пахта (84 %) аз 101 то 166 фоиз зиёд аст.                 Аз кишти такрории ғаллагиҳо 125 ҳазор тонна сабзавот, 176 ҳазор тонна картошка, 31 ҳазор тонна полезӣ, 62 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол карда шуд.                 Ҳосили интизории пахта 410 ҳазору 880 тонна муайян карда шуда буд, ки иҷроиши он 85,9 % (353115 тонна)-ро ташкил дод                 Нисбати апробатсия ноҳияҳои Бохтар 5703 тонна, Қубодиён 4769, Ҷ. Румӣ 6670 тонна, Қумсангир 6580 тонна, Панҷ 4655 тонна, Ҷ.Расулов 5395 тонна, Зафаробод 3204 тонна, Б. Ғафуров 2720 тонна ва Мастчоҳ 2063 тонна кам пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ноҳияи Восеъ 5005 тонна, Хуросон 750 тонна ва Кӯлоб 100 тонна нисбати апробатсия зиёд пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ноҳияҳои Сарбанд, Кӯлоб, Данғара ва Восеъ аз ӯҳдаи иҷрои дурнамо баромаданд.                  Дар давраи ҳисоботӣ бунёди боғҳои нав 3 хазору 38 гектар — 2,4 маротиба, токзори нав 707 гектар — 147 %, барқароркунии боғҳо 1 ҳазору 193 гектар — 2,3 маротиба, барқароркунии токзорҳо 542 гектар — 163 фоизи нишондоди барномавиро ташкил медиҳад. Аз масоҳати умумии боғҳо 358 гектар ва токзорҳои нав 143 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудааст.                  Барои гирифтани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Туркия 60 тонна чигити тухмии навъи «Флора» ва «Кармен», 1 ҳазору 726 тонна гандуми тухмӣ, 1 ҳазору 621 тонна картошкаи тухмӣ аз дохили ҷумҳурӣ, 165 тонна тухмИ ҷуворимакаи дон аз Ҷумҳурии Қазоқистон, барои дар оянда зиёд намудани истеҳсоли содироти мевагиҳо 28 ҳазору 500 бех себи хитоӣ ва гелоси ҷопонӣ, барои беҳтар намудани сифати зот аз хоҷагии «Булункӯл»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 120 сар қӯтосҳо ба вилоятҳои Хатлону Суғд, ҷавонаҳо ва гӯсфандҳои ҳисорӣ ба вилояти Суғд, бузҳои серпашми тоҷикӣ ба вилояти Хатлон дода шуд.                   Ҳамагӣ маблағи ба самтҳои соҳаҳои кишоварзӣ сарфгардида 21 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Дар давоми соли 2008 13 адад корхонаҳои паррандапарварӣ дар ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Мӯминобод, Сарбанд, Вахш, Конибодом, Бохтар, Шаҳритус, А.Ҷомӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд Вазорат ва раёсатҳои кишоварзии вилояту шаҳру ноҳияҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе 21 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карданд, ки дар онҳо зиёда 1 ҳазору 600 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи нисбатан арзон ба аҳолии пойтахт пешниҳод карда шуд.   

Январь 22, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид