НАТИҶАИ ДАСТОВАРДҲОИ АГЕНТИИ ДАВЛАТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ДАР СОЛИ 2008
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008-ум ро бо дастовардҳои хеле назаррас ҷамъбаст намуд.Аз ҷониби Агентии мазкур талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳо сари вақт маблағгузорӣ карда шуд. То якуми январи соли 2009 талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳо дар ҷумҳурӣ 474091 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин муддат барои нафақа 442519,5 ҳазор сомонӣ, барои кӯмакпулиҳои корношоямӣ 24397,1 ҳазор сомонӣ, барои кӯмакпулиҳои оилавӣ 3893,1 ҳазор сомонӣ, барои солимгардонии шаҳрвандон ва аъзоёни оилаи онҳо 2234 ҳазор сомонӣ, кӯмакпулиҳо барои дафн 1321,6 ҳазор сомонӣ, барои хизматрасонии бонкӣ 3577,3 ҳазор сомонӣ, сиёсати шуғл 6700 ҳазор сомонӣ ва ба иттифоқи касаба 3715 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои таътили тобистона 1840 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ бақайдгирии ашхоси ҳуқуқию воқеӣ ва соҳибкорон, инчунин ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсию пасандозӣ ба ҳисоб мераванд. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 37516 шахсони ҳуқуқӣ, 775193 ашхоси воқеӣ ва 56317 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нишондоди мазкур, аз вусъат ёфтани кор шаҳодат медиҳад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






