НАВЪҲОИ ПАХТАИ ОЯНДАДОР ҚАБУЛ ГАРДИД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи тавсияи олимони «Зироаткор»-и Академияи илмҳои кишоварзӣ соли 2008 пахтаи миёнанахи навъҳои «ВД-11», «Назирӣ», гандумҳои мулоимдонаи навъҳои «Ориён» ва «Сомонӣ», мушунги навъи «Серҳосил»барои кишт дар минтақаҳои ҷумҳурӣ кишт карда шуда, ҳосили дилхоҳ гирифта шуд. Аз тарафи Комиссияи давлатӣ пахтаи маҳиннахи навъи «748-В», нахӯди навъи «Ҳисор-32» ва наски навъи «Ҳисор-1», «Ҳисор-5» ҳамчун навъҳои ояндадор қабул карда шуданд. Ба санҷиши озмуни давлатӣ навъҳои пахтаи миёнанахи «Неъмат» ва «Шарора-80», пахтаи маҳиннахи «Авесто», гандуми навъи «Марказ-3», ҷави тирамоҳии «Истиқлол», зағири равғандори«Хисор-10» барои киштдар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тавсия шуданд. Дар хоҷагиҳои тобеи Пажӯҳишгоҳ соли 2008 1475 тонна тухмиҳои баландсифати зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёгиҳо истеҳсол кардашуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






