НИШАСТИ МАҶМААИ УМУМИИ МУБОРИЗА БО МАВОДИ МУХАДДИР ДАР КОБУЛ

Январь 13, 2009 11:01

Афғонистон, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Илҳом Нарзиев).- Маҷмааи умумии мубориза бо маводи мухаддир имрўз ҳини нишасти хеш дар Кобул роҳҳои ҷилавгирӣ аз кишт, тавлид, қочоқ ва истифода аз маводи мухаддиро баррасӣ намуд. Шуморе аз аъзои Шўрои миллӣ, ки дидгоҳи олимони дин ва бузургони қавмро дар коҳиши маводи мухаддир дар Афғонистон асаргузор медонанд, мегўянд, ки чунин нишастҳо дар бештари дигар вилоятҳо низ баргузор хоҳад шуд.Ин нишаст бо ҳузури шуморе, ки аз олимони динӣ ва бузургони қавм аз сўи Маҷмааи ғайрирасмии порлумони мубориза бо маводи мухаддир баргузор шуд. Дар ҳудуди ду моҳ пеш аз даҳ узви Шўрои Миллӣ ин маҷмааро эҷод намуданд. Намояндаи Шўрои Миллӣ бо хабарнигорон гуфт: «Мехоҳем, ки дар оянда Шўрои Миллӣ аз назариёти уламо, сарони қавм, соҳибназарони худ истифода кунад. Ба вуҷуди талошҳои Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳафт соли гузашта ҳанўз ҳам маводи мухаддир аз ҷолишгҳои бузург дар баробари давлати Афғонистон ба шумор меравад. Ин Маҷмаа ба дастҳои хориҷӣ ва густардагии шабакаҳои қочоқӣ ишора мекунад. Аммо, мегўяд ки фаъолиятҳои Маҷмаа  метавонад дар ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ин гирдоби хатарнок асаргузор бошад. Дар байни ҷавонон як назария, як эҳсоси динӣ пайдо мешавад, ки воқеан ин казия дар ватанамон мавҷуд аст, ки як чизи нораво ва ҳаром аст».           Афғонистон дар се соли охир ҳамчун яке аз бузургтарин тавлидкунандагон маводи мухаддир дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ҳар сол беш аз 90 % маводи мухаддири ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад. Аз сўи дигар афзоиши муртадон аз Афғонистон низ ба гунаи бесобиқа афзоиш ёфтааст. Бар бунёди оморҳои расмӣ Афғонистон наздик ба яку ним миллион муртади маводи мухаддир дорад, ки бист фоизи онҳо занон ҳастанд.

Январь 13, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад