НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

Январь 21, 2009 17:04

              Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ барои кормандони воситаҳои ахбори оммавии мамлакат нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Нишасти матбуотӣ ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2008 бахшида шуд. Қайд карда шуд, ки Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ба мамлакатҳои хориҷӣ 16 сафари расмию корӣ анҷом дод. Дар ташкили ҳамаи сафарҳои сардори давлат саҳми кормандони вазорати корҳои хориҷӣ калон аст.              Ҳ.Зарифӣ афзуд, ки Тоҷикистон соли гузашта бо 97 мамлакати ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Ба қавли ӯ, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ соли гузашта нисбат ба соли 2007 — ум 660 миллион доллари ИМА зиёд гардид.               Вазир зикр намуд, ки Президенти ҷумҳурӣ ояндаи наздик ба мамлакатҳои соҳили баҳри Балтика сафар хоҳад кард. Дар ҷараёни ин сафарҳо диққати асосӣ ба муқаррар намудани усулҳои амалӣ сохтани созишномаҳое дода мешавад, ки ба содиру ворид сохтани мол аз Тоҷикистон ба воситаи бандарҳои мамлакатҳои соҳили Балтика имкон медиҳанд.              Мамлакати мо аз баҳрҳои бузург хеле дур воқеъ гардидааст. Мо бояд барои баромадан ба бандарҳои уқёнуси Ҳинд, халиҷи Форс ва бандарҳои мамлакатҳои самти шимол аз ҳамаи тадбирҳо истифода барем. Истифодаи се бандари мамлакатҳои соҳили Балтика барои мо хеле муҳим аст, гуфт Ҳ.Зарифӣ.  

Январь 21, 2009 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад