НИШОНДИҲАНДАҲОИ ДЕПОЗИТҲОИ «БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН» ҚАВИ МЕБОШАНД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Айни замон дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» 477 пасандози мӯҳлатноки аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад, ки 26,2 фоизи он бо асъори миллӣ, 63,5 фоиз бо доллари ИМА 6,9 фоиз бо евро ва 3,4 фоизи пасандозҳо бо рубли Россия нигоҳ дошта мешаванд. Тавре аз бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, «Бонки рушди Тоҷикистон» вазъи молиявӣ ва умуман нишондиҳандаҳои молиявии бонк дар давоми соли 2008, махсусан дар интиҳои сол хеле хуб гардиданд ва пардохтпазирии Бонк низ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ҳолатҳои пеш аз мӯҳлати пешбинишуда пас гирифтани пасандозҳо аз тарафи аҳолӣ мушоҳида намешаванд. То ҳол ҳамаи пасандозҳо мувофиқи шартномаи пасандозӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати шартномаҳо, мизоҷон барои дароз кардани мӯҳлати шартнома розигӣ медиҳад. ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» аъзои фонди кафолати пасандозҳои аҳолӣ буда, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолати пасандозҳои шахсони воқеӣ» амал мекунад ва дар ин асос Бонк мувофиқи қонуни номбурда барои кафолати пасандозҳои аҳолӣ фонд таъсис додааст, ки маблағҳои ин фонд дар Бонки Миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Ғайр аз ин, Бонк бо Ширкати суғуртавии «М-Полис» шартномаи ҳамкориро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он пасандозҳои дар ҶСП «Бонки рушди Точикистон» нигоҳдоришаванда суғурта карда мешаванд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо пардохпазирии Бонк зиёда аз 120%-ро ташкил мекунад. Ин нишондиҳанда дар шабакаи бонкдории Ҷумҳурӣ қавӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Бонк маблағи мизоҷонро дар лаҳзаҳои аввали талабшавӣ пардохт карда метавонад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






