НОМЗАДИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВАЗИФАИ ПРЕЗИДЕНТИ КМО

Январь 29, 2009 14:18

                  Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-31-уми январ ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи милиии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.                 Тавре ба АМИТ «Ховар» дар КМО ҶТ хабар доданд, дар ин ҷаласа масъалаи баргузории Ассамблеяи кулли ҳисоботиву интихоботии Кумитаи миллии олимпӣ баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин дар ин ҷаласа номзад ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон хоҳад гашт.                 Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев, ба ин вазифа аксари созмону федератсияҳои варзишии кишвар президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кардаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои номзадӣ ба ин вазифа розигӣ додааст.                 Бар асоси оинномаи Кумитаи миллии олимпӣ, президенти КМО дар Ассамблеяи кулли кумита интихоб хоҳад шуд.                  Бояд тазаккур дод, ки чунин таҷриба дар баъзе кишварҳои ҷаҳон дида мешавад, чунончи сарварони давлатҳои Беларус, Озарбойҷон ва Туркманистон ҳамзамон президентии кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои худро бар ӯҳда доранд.

Январь 29, 2009 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад