НОЗИРИ ГУМРУКИ ПАНҶИ-ПОЁН ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки Баҳриддин Муминов, нозири гурӯҳи ба расмиятдарории нуқтаи гумрукии Панҷи-Поёни вилояти Хатлон барои пинҳон намудани 11986 сомонии пардохти боҷи гумрукӣ дастгир гардид. Номбурда 29-уми ноябри соли 2008 бо тартиб додани санади азназаргузаронии маҳсулоти ғизоӣ (мандарин), ки аз соҳибкор Аҳмад Элов буд, ба ҷои 55 тонна, дидаву дониста 40 тонна нишон дода, аз ҳамин ҳисоб барои ба даст овардани маблағ 15 тонна маҳсулот (мандарин)-ро, ки мувофиқи нархи бозор маблағи он 45 ҳазор сомонӣ ва инчунин маблағи 11986 сомонӣ пардохти боҷи гумрукиро ташкил медод, пинҳон намуда, бо ин кирдораш ба давлат зарари моддӣ расонидааст. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Б. Муминов тибқи моддаи 314-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад. Нисбати ӯ аз рӯи маводҳои ҷамъ овардашуда санҷиш давом дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






