НУРИ «НУР»
Хоруғ, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Маркази кӯдакони маъюби «Нӯр» муассисаест, ки онро соли 2002 духтури кӯдакон Камол Шанбезода барои кӯдакони иллати ҷисмонию рӯҳӣ дошта таъсис дода буд. Дар тӯли 7 сол наздики 300 нафар кӯдакон дар ин ҷо алифбову касбҳои гуногунро омӯхтанд. «Нур» бо дастгирии барномаҳои гуногуни хайрия фаъолият менамояд. Инчунин бисёр ташкилоту муассисаҳои Ватанию хориҷии мустақари маркази вилоят ба «Нур» мадад мерасонанд, ки Намояндагии пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Аврупо Осиёгии Руссия дар Бадахшон яке аз онҳост. Масъулини Институти номбурда ба 22 нафар тарбиятгирандагони «Нур» либоси зимистона, инчунин 11 ҷуфт пойафзол тақдим намуданд. Сарвари Маркази кӯдакони маъюби назди ташкилоти ҷамъиятии «Нур» Камол Шанбезода чунин иқдомро амали хайрхоҳона арзёбӣ намуд. Имрӯз шогирдони собиқи «Нур» ба ҳайси ошпаз, устои таъмири пойафзолу дӯзанда кор мекунанд. Қисме аз онҳо дар курсҳои кутоҳмуддати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тиҷорат ва забони англисиро меомӯзанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






