ОИЛАҲОИ КЛОНИИ КАРТОШКА ОФАРИДА ШУД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ бори аввал нақшаи тухмипарварии картошка бо усули санҷишу зиёд намудани оилаҳои клонӣ аз санҷиш гузаронида мешавад.- иброз доштанд дар Академияи илмҳои кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и ноҳияи Ғончӣ ҳосили бештар аз 200 оилаҳои клонӣ (5 тонна лундаҳо) рӯёнида шуд. Аз лундаҳои рӯёнидашудаи картошкаи солимгардида, дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ кишт гузаронида шудааст. Картошкаи нави селексияи маҳаллӣ бо маслиҳати олимони Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткорӣ дар якҷоягӣ бо олимони Пажӯҳишгоҳи физиология ва генетикаи растаниҳо дар хоҷагиҳои ноҳияи Ғончӣ парвариш карда, барои зиёд намудани тухмии он ба дигар ноҳияҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ фиристода шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






