ОЛИМПИАДАИ ТАЛАБАГОНИ МАКТАБҲОИ ПОЙТАХТ ОҒОЗ ЁФТ

Январь 6, 2009 11:03

             Душанбе,  6  январ. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина). – Имрӯз дар  мактаби  миёнаи  рақами 1 – уми  шаҳри  Душанбе  олимпиадаи  талабагони  мактабҳои  пойтахт  оғоз меёбад. Олимпиада аз рӯи  фанҳои  математика,  физика,  химия,  биология,  ҷуғрофия,  забонҳои   тоҷикию  хориҷӣ,  асосҳои   давлату  ҳуқуқ  ва  информатика  гузаронида  мешавад. Дар  олимпиада  ғолибони  олимпиадаҳои  ноҳиявӣ  ширкат  меварзанд.         Мудири  қисми  таълимии  мактаби  миёнаи  рақами  78 – уми  ноҳияи  Фирдавсӣ  Лариса  Хайруллоева   ба  мухбири  АМИТ  «Ховар» гуфт, ки  талабагони  мактаби  мазкур   дар  олимпиадаи  ноҳиявӣ  ғолиб  омада,  ҷои  аввалро  ишғол  намуданд. Талабагони  мактаб  Наргис  Соҳибова,  Алишер Мелибоев,  Светлана  Канбина,  Андрей  Жолобов, Бобо Нурӣ, Таҳмина  Аҳмадова,  Имомалӣ  Комрон ва  дигарон дар   олимпиадаи  шаҳрӣ  иштирок  менамоянд. Онҳо бо  ифтихорномаҳои  шӯъбаи  маорифи ноҳия  мукофотонида шуданд. Омӯзгороне, ки  шогирдонашонро  ба  олимпиада  тайёр  кардаанд,  соҳиби  мукофотҳои  пулӣ  гардиданд.           Натиҷаҳои  олимпиадаҳои  шаҳрӣ  баъди  ду  рӯз  ҷамъбаст  карда  мешаванд.

Январь 6, 2009 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад