ОМОДАГӢ БА ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ШУРӮЪ ШУД
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Тавре хабар дода шуда буд, озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон таҳти унвони «Панҷ ситораи интервизион -2009» моҳи августи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад. Дирӯз дар машварате, ки таҳти раёсати муовини сарвазир Руқия Қурбонова баргузор гардид, нақшаҳои тайёрӣ ба озмун муайян карда шуданд. Аз вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳбарияти Шабакаи аввали телевизиони Русия воситаҳои техникии барои ггузаронидани озмун заруриро ба Душанбе фиристод. Масъалаҳои ташкилию техникии озмун ҳал шудаанд. Дар Тоҷикистон гузаронидани озмуни овозхонони ҷавон ба нақша гирифта шудааст. Ғолиби он дар озмуни байналхалқии «Интервизион -2009» иштирок хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни соли гузашта ғолиб омада буд. Ба туфайли ғалабаи ӯ озмуни мазкур имсол дар пойтахти ҷумҳурии мо гузаронида мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






