ОСОРИ ГАРОНБАҲОИ ИЛМИЮ ТАЪРИХИРО БА ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСӢ БАРГАРДОНИДАНД

Январь 28, 2009 17:16

                  Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддқов).- Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани чорабинии фаврӣ- ҷустуҷӯӣ аз як гурӯҳ шаҳрвандони кишвар миқдори зиёди китоб ва дастхатҳои нодири қадимаро мусодира намуданд.                  Тибқи иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба АМИТ «Ховар», ин шаҳрвандон ният доштанд, ки осори гаронбаҳои илмию таърихиро ба хориҷи ҷумҳурӣ интиқол диҳанд. Дар байни асарҳо дастнависи китоби «Қуръон» асри 18, китоби «Ҳикоёти саҳоба», чопи санги (литографи), асри 19, китоби «Шарҳ-ул-виқоя», чопи сангӣ, асри 19 ва ғайраҳо ҳастанд. Аз рӯи гуфти мутахассисон махсусан, нусхаи дастнависи китоби «Ҳафтяк», ки дар байни халқхои Мовароуннаҳр хеле маъмул буд ва рисолаи «Авроди фатҳия»-и Мир Саид Алии Хамадонӣ барои муҳаққиқони соҳаи адабиётшиносӣ ва таърих аҳамияти бузург дорад. Ҳамаи китобу дастхатҳои мусодирашуда аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ба ихтиёри Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ супорида шуданд.  

Январь 28, 2009 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад