ОВОЗА Ё ҲАҚИҚАТ?

Январь 5, 2009 16:37

          Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- 3 январ дар сайти интернетии «СентрАзия» мақолаи Ҷунбиши ҷамъиятии умумиросиягии  «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» таҳти сарлавҳаи «Гурӯҳи муттаҳидаи ҷинояткорони тоҷик 50 нафар мусофири қатораи Маскав — Душанбе»- ро  гаравгон гирифт» чоп карда шуд. Дар мақола гуфта мешавад, ки  шаҳрвандони тоҷик зимни бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон дар вилояти Астрахан гаравгон гирифта шуданд. Кормандони милисаи  нақлиёти шаҳри Астрахан гӯё шаҳрвандони тоҷикро аз  қатори поезд фуроварда, ба намояндагони Гурӯҳи муттаҳидаи ҷинояткори вилояти Астрахан супурдаанд. Шаҳрвандони тоҷик ба риоя накардани қоидаҳои назорати гумрукӣ зимни убури сарҳад гунаҳкор карда мешаванд. Дар мақола гуфта мешавад, ки аъзои  гурӯҳи зикршудаи ҷинояткорон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия мебошанд. Намояндагони Гурӯҳи муттаҳидаи ҷинояткор гаравгононро  ба мошинҳо бор карда, ба  деҳаи Свободний бурда, дар вагончаҳои пешакӣ тайёркардаашон нигоҳ доштаанд. Шаҳрвандони тоҷик дар мавриди пардохтани 25 ҳазор рубли Русия аз асорат озод карда мешаванд, гуфта мешавад дар мақола.         Роҳбари раёсати иттилооти Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев мақолаи мазкурро зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» шарҳ дода, зикр намуд, ки чопи он  танҳо  ҳадафи иғвогарона дораду халос. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ин воқеаро тафтиш намуд. Далелу асноди  дар мақола овардашуда дар ҷараёни тафтиш тасдиқ  нашуданд, гуфт Д.Назриев.

Январь 5, 2009 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд