ОЗМУНИ «ҲАФТ ГАНҶИНАИ ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии «Маркази рушди туризм» дар Тоҷикистон озмуни нахустини ҷумҳуриявии «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Ҳадафи озмун афзун гардондани обрӯю эътибори Тоҷикистон ҳамчун минтақаи туризми байналхалқӣ мебошад. Тавре ки маълум аст дар мамлакати мо ҷойҳои тамошобоб, ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои хушманзара хеле зиёданд. Дар натиҷаи озмун ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва мавзеъҳои тамошобобу хушманзара интихоб карда, рӯӣхати онҳо тартиб дода мешавад. Тибқи нақша дар даври аввали озмун 28 ёдгории таърихию меъморӣ, гӯшаҳои хушманзараи табиат ва мавзеъҳои дилнишини мамлакат муайян карда мешаванд. Давраҳои дуюму сеюми озмун тавассути фиристодани маълумоти мухтасар ба воситаи телефонҳои мобилӣ ва почтаи электронӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Ғолибони озмун дар даври сеюми он муайян карда хоҳанд шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






