ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АККОСОН
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- 23 январ дар Агентии ҳамкории Швейсария таҳти унвони «Меҳнат ва самараи он» намоиши суратҳо кушода мешавад. Намоишгоҳи мазкур ба муносибати таъини муовини нави директори агентии мазкур ташкил карда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Агентии ҳамкории Швейсария ҳар сол моҳи март тақвими «Наврӯз» — ро нашр мекунад. Дар тақвими мазкур аксҳои бахшида ба Тоҷикистон чоп карда мешаванд. Қабл аз ин аксҳоро кормандони худи агентӣ интихоб мекарданд.Суратҳои тақвим ҳар сол ба яке аз соҳаҳои ҳаёти мардум бахшида мешавад. Агентии ҳамкории Швейсария имсол қарор дод, ки барои тайёр кардани суратҳо озмун эълон карда, ороиши тақвимро ба ғолиби он фармоиш диҳад. То имрӯз ҳафт суратгир барои иштирок дар озмун ариза додааст. Натиҷаи озмун охири моҳи январ ҷамъбаст карда мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






