ПАРРАНДАПАРВАРОН АЗ БОҶИ ГУМРУКӢ ОЗОДАНД Ё НЕ ?

Январь 23, 2009 17:17

              Душанбе, 23 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарз).- Нишасти матбуотие, ки дар Вазорати кишоварзӣ доир гардид, бо таври ғайрирасмӣ оғоз ёфт. Сардори маркази матбуоти вазорати мазкур Нарзулло Додобоев бади шарҳу эзоҳи нишастҳои матбуотии дар давоми сол дар вазорат доиршуда, ба вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов Сухан дод. Вазир ба ҳозирин рӯ оварда хоҳиш намуд то якбора ба саволҳо гузаранд. (хабарнигорон қаблан бо маводи зарурӣ таъмин карда шуда буданд)              Дар давоми беш аз як соати нишасти матбуотӣ хабарнигорон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Аз он ки касе ба ҷавоби саволи худ эътирозе накард,ҷавобҳо маъқул дониста шуданд.              Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар», ки нисбати рушди паррандапарварӣ ва иҷрои барномаи соҳа чӣ нақшае омода шудааст, вазир беибо гуфт, ки барои соҳаи паррандапарварӣ якқатор имтиёзҳо дода шудааст, аз ҷумла, корхонаҳои паррандапарварӣ азбоҷи гумрукӣ барои воридоти маводи ғизоӣ озод карда шудаанд ва тадбирҳои дигаре ҳам андешида мешаванд то соҳа беш аз пеш рушд ёбад. Ин ҷавоби вазир дар мавриде гуфта шуд ки раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Паррандапарварии Тоҷикистон» А.Ш Назаров ҳамагӣ даҳ дақиқа пештар бо роҳбарони корхонаҳои паррандапарварии ноҳияҳои Шаҳринав ва «Наврӯз»-и шаҳри Ваҳдат, дар тамос шуда иттило гирифт, ки аз маводи ғизоии барои корхонаҳояшон вориднамуда, боҷи гумрукӣ ситонида шудааст.              Барои рушди соҳа вазир боз чӣ тадбир меандешад ва чӣ имтиёзҳо боз баҳри арзон кардани маҳсулоти корхонаҳои паррандапарварӣ дода мешавад инро вақт нишон хоҳад дод.

Январь 23, 2009 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид