ПЕШНИҲОДИ БАРНОМАИ РАЁСАТИ МОЛДАВИЯ ДАР ИДМ

Январь 30, 2009 11:06

                       Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар пойтахти Белорусия — шаҳри Минск барномаи раёсати Ҷумҳурии Молдавия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима карда мешавад. Мувофиқи қарори Шӯрои сарони давлатҳо, ки 10 октябри соли 2008 дар Бишкек қабул гардида буд, раёсати Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ, Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ ва Комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ аз 1 январи соли 2009 сар карда, ба зиммаи Молдавия гузошта мешавад.                     Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Молдавия Владимир Воронин Комиссияи миллии таъмини раёсати мамлакат дар ИДМ ташкил карда шуд. Ҳукумат гурӯҳи кориро барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти таъмини раёсати Молдавия дар ИДМ тасдиқ намуд, ки ба он сафири супоришоти махсуси вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии Молдавия бо мамлакатҳои Аврупо Ефим Килар роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Январь 30, 2009 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд