ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН БА АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ

Январь 4, 2009 11:44

        Душанбе,  4  январ. (АМИТ «Ховар,  Фарангис  Раҳимова). —  Намояндагони  18  давлати  аъзои  СММ,  аз  ҷумла,  Тоҷикистон  аз  раиси  Ассамблеяи   генералӣ  хоҳиш  карданд, ки   масъалаҳои  марбут  ба  самаранокии  истифодаи  қувваи  барқ,  роҳу  усулҳои   сарфаи  энергия ва   проблемаҳои  манбаъҳои   нави   барқароршавандаи   энергия, қувваи  барқ  ва  гармиро   мавриди  баррасӣ  қарор  диҳад.  Онҳо  пешниҳод  намуданд, ки   ин  масъалаҳо  дар  ҷараёни   иҷлосияи  63 – юми  ассамлея  муҳокима  карда  шаванд.          Дар  номаи  ба  унвони  раиси  Ассамблеяи  Генералӣ  фиристодашуда  зикр  карда  мешавад, ки  ҳалли  масъалаҳои  сарфаи  қувваи  барқ,  гармӣ   ва  манбаъҳои  наву  барқароршавандаи  энергия  дар  бобати   ба  даст  овардани  ҳадафҳои  рушд ва  бартараф  сохтани  проблемаҳои  тағйир ёфтани  иқлим  нақши  асосӣ   мебозанд.       Дар  нома қайд  карда  мешавад, ки  Ассамблеяи  Генералӣ   ҳамчун  маркази  асосии   мусоҳиба   ва  ҳамоҳангсози  СММ  барои   вусъати  огоҳӣ,  иваз  кардани  таҷрибаи  пешқадам  ва  мусоидат   ба   ҳалли  проблемаҳои  мазкур  мақоми  мувофиқ  мебошад.

Январь 4, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад