ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД

Январь 29, 2009 09:16

                  Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз бо сафири Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинс мулоқот кард. Сафири Латвия баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни мулоқот бо сардори давлат масъалаҳои муҳимтарини муносибатҳои ҳар ду кишвар муҳокима шуданд. Зикр шуд, ки айни ҳол дар Латвия ба ташрифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба тайёрӣ дида мешавад. Зимни сафар имзои панҷ ҳуҷҷати ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешбинӣ карда мешавад.                 И.Апокинс хабар дод, ки дар Латвия мулоқоти президентҳои ҳар ду давлат ва мулоқоти тоҷирону соҳибкорони ҳар ду кишвар гузаронида мешаванд. Президенти Латвия баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ба қавли сафир, мақомоти Латвия ба муносибатҳояшон бо Тоҷикистон баҳои хуб медиҳанд. Таъкид карда шуд, ки ҳамкории иқтисодии ҳар ду кишварро бештар ривоҷ додан зарур аст.                 Мамлакатҳои мо дар соҳаҳои истеҳсоли қувваи барқ, саноати бофандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нақлиёт самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд, гуфт сафири Латвия.                                                                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А. 

Январь 29, 2009 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад