«РӮСТАМ ВА СӮҲРОБ» ЭРОНРО ТАСХИР КАРД
Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намоишномаи «Рӯстам ва Сӯҳроб»-и Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҳунарҳои театрии «Даҳаи Фаҷр» гардид. Фестивали мазкур аз 24 то 30 январи соли равон дар шаҳри Теҳрон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гузаронида шуда, дар он дар қатори ҳунармандони кишварҳои Халиҷи Форс ҳайати 12 -нафараи ҳунармандони тоҷик таҳти роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев иштирок намуданд. Ҳамзамон, ҳунарманди хушсалиқаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Қурбони Собир ҷоизаи Фестивали «Даҳаи Фаҷр»-ро барои нақши беҳтарини мардона соҳиб гардид. Назар ба иттилоъи сардори Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Гулмаҳмад Давлатов, Фестивали мазкур ҳамасола гузаронида шуда, ҳадафи он рушди санъати театрӣ ва муайян кардани беҳтарин ҳунармандон ва намоишномаҳои театрӣ мебошад. Соли равон ҳунармандони тоҷик дар бахши «миллал»-и Фестивал баромад карданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






