РОҲБАРОНИ «БАРҚИ ТОҶИК» ВА «ТОҶИКГАЗ» АЗ ВАЗИФА ОЗОД ШУДАНД
Душанбе, 15 январ. ( АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Тавре хабар дода шуд, дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ давом дорад. Дар маҷлис асосан натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2008 таҳлилу ҷамъбаст ва вазифаҳои соли 2009 муайян карда мешаванд. Сарвари давлат ҳисоботи роҳбарони баъзе вазорату идораҳоро дар бораи фаъолияти онҳо дар соли гузашта баррасӣ намуда, онҳоро сахт танқид кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримовро аз вазифа озод намуд. Ғайр аз ин, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа сабукдӯш гардид. Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳ.Солиев барои кори тӯлонию самарабахшаш дар бобати беҳтар сохтани вазъи соҳаи андоз миннатдорӣ баён кард.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






