РОҲБАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АВРУПО БА ШАРҚИ НАЗДИК МЕРАВАНД
Париж, 6 январ. (АМИТ «Ховар» — Кабар). – Президенти Фаронса Николя Саркози шоми дирӯз ба мамлакатҳои Шарқи Наздик сафар кард. Ҳадафи сафари ӯ водор сохтани роҳбарони Исроил ва Фаластин ба мусолиҳа дар бораи қатъ намудани задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давоми ду шабонарӯзи оянда мебошад. Хабар дода мешавад, ки Н.Саркози зимни сафар ба Қоҳира, Байтулмуқаддас, Рамоллоҳ ва Димишқ рафта, бо роҳбарони ин мамлакатҳо гуфтушунид мекунад. Инчунин, вазири корҳои хориҷии Чехия Карел Шварсенберг дар ин минтақа мебошад, ки айни ҳол раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад. Вазири корҳои хориҷии Фаронса Бернар Кушнер ва намояндаи махсуси президенти Русия дар Шарқи Наздик Александр Салтанов низ айни ҳол дар минтақаи Шарқи Наздик мусофират доранд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






