РОҲБАРОНИ «ХАМОС» БА МУСОЛИҲА РОЗӢ ШУДАНД
Ғаззаҳ, 16 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК).- Роҳбарони ҷунбиши «Хамос» изҳор намуданд, ки ба мусолиҳа бо Исроил ба мӯҳлати як сол бо шарти кушодани сарҳадҳо ва аз ҳудуди воҳаи Ғаззаҳ баровардани қисмҳои ҳарбии ин мамлакат розӣ мешаванд. Раиси Бюрои сиёсии «Хамос» Холид Машъал зикр намуд, ки ба ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар бораи шартҳои мазкур иттилоъ додааст. Қабл аз ин Миср пешниҳод карда буд, ки дар маҳалли задухӯрдҳо мусолиҳаи даҳрӯза эълон карда, қисмҳои ҳарбии Исроил дар мавқеъҳои ишғолнамудаашон нигоҳ дошта шаванд. Ба ақидаи Қоҳира, оташбас бояд барои оғози гуфтушуниди мусолиматомез замина тайёр кунад. Айни ҳол задухӯрдҳои мусаллаҳона дар шаҳри Ғаззаҳ давом доранд. Тибқи хабарҳои расида, дирӯз дар натиҷаи ҳуҷуми ҳавопаймоҳои исроилӣ роҳбари хадамоти амнияти маъмурияти «Хамос» Саиди Сиём ба ҳалокат расид.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






