РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ БА ЖУРНАЛИСТОН ҶАВОБ МЕДИҲАНД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи нақшаи тартибнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат аз 12 январ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотӣ оғоз гардида, мувофиқи нақша дар ҳар вазорату идора то 28 январ идома меёбанд. Маврид ба зикр аст, ки нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ мутобиқи Амри Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 4 марти соли 2005 баргузор гашта, ҳадафи аслии он инъикоси шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳои давлатӣ тариқи ВАО ба мардум буда, роҳбарони мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳар семоҳа роҷеъ ба бурду бохти фаъолияташон маълумот диҳанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки пас аз амалӣ гардидани ин Амри Сарвари давлат дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ба таври бояду шояд ба чашм мерасад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






