РОҲИ «ДУШАНБЕ-ТУРСУНЗОДА» ВАСЕЪ МЕГАРДАД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Барои васеъ намудани роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода то имрӯз 30 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун грант ҷудо шудааст,- изҳор дошт, зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Абдураҳим Ашӯр. Ӯ қайд намуд, ки роҳи мазкур 66 километрро дар бар мегирад ва корҳои лоиҳакашии он аз декабри соли гузашта оғоз ёфтаанд. Бинобар иттилои вазир аз рӯи нақша то нимсолаи якум корҳои лоиҳакашӣ пурра ба анҷом расида, то охири сол ба сохтмони роҳ шурӯъ хоҳанд кард. Аз сабаби васеъ гардидани роҳ ба ҷои дигар кӯчонидани баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини маркази Шаҳринав дар назар аст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






