СӮХТОР ДАР ШАБИ СОЛИ НАВ
Бангкок, 3 январ. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). – Шаби аввали соли нав дар яке аз клубҳои шабонаи пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок сӯҳтори шадид рух дод. Дар натиҷаи сӯхтор 59 нафар ҳалок ва бештар аз 200 нафар маҷрӯҳ шуд. Хабар дода мешавад, ки сӯхтор зимни зиёфати идонаи солинавӣ дар клуб ба амал омад. Сабабҳои он то ҳол муайян карда нашудаанд. Мақомоти муҳофизи қонун ба тафтиши ин воқеа шурӯъ намуданд. Табибон ба осебдидагон кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Дар байни маҷрӯҳшудагон шаҳрвандони Австралия, Непал, Нидерландия ва Ҷопон ҳастанд. Қайд карда мешавад, ки шумораи қурбониёни ин воқеаи нохуш бештар гардида метавонад, зеро аҳволи саломатии бисёр маҷрӯҳон ниҳоят вазнин аст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






