САДДИ РОҲИ МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ
Хоруғ, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Идораи назорат аз болои стандарти давлатӣ, метрология ва назорати савдои ВМКБ Бадахшон бо мақсади пешгирӣ аз ворид гардидани маҳсулоти пастсифат дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон озмоишгоҳи ташхиси маводи истеъмолиро таъсис медиҳад,- гуфт дар сӯҳбат ба рӯзноманигорон сардори ин муассиса Пайшанбе Абутробов. Пайшанбе Абутробов иброз дошт, ки идораи Тоҷикстандарт ба хотири пиёда гардондани ин нақша ба маблағи беш аз сад ҳазор сомонӣ ҷадидтарин таҷҳизоти махсусро харидорӣ намудааст. Ин таҷҳизот дар бозорҳои Ишкошим, Тем ва Рӯзвай гузошта мешавад. Сардори идораи вилоятии назорат аз болои стандарти давлатӣ иброз дошт, ки чунин дастгоҳҳо дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят низ паст карда мешавад. — Насби таҷҳизотҳои нав маънои онро надорад, ки ташхиси маводи истеъмолӣ то ин вақт ҷараён надошт,- гуфт Булбул Имомназаров,- сардори бахши ташхиси маводи ғизоии ин идора. Соли 2008 дар лаборатория 424 намуди маводи ғизоӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд, 24 намуди он аз муомилот бароварда шуд, зеро бори талаботи стандартиро набардошт.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






