САФАРИ НАХУСТИНИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ЛАТВИЯ, ЛИТВА ВА ЭСТОНИЯ

Январь 14, 2009 16:35

           Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали моҳи  феврали соли равон бори аввал барои боздиди давлатӣ ба Латвия  сафар хоҳад кард. Дар ин бора  сардори раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба АМИТ  «Ховар» хабар дод. Сардори давлати Тоҷикистон дар Латвия бо  Президенти ин мамлакат Валдис Затлер мулоқот анҷом медиҳад.          Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафараш дар Латвия ба Брюссел рафта, дар маҷлиси Комиссияи Аврупо ширкат меварзад. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздиди расмии давлатӣ ба  Литва ва Эстония хоҳад рафт. Давлат Назриев зикр намуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба мамлакатҳои соҳили баҳри Балтика сафар мекунад.         Қайд карда шуд, ки  дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро гурӯҳи калони роҳбарони вазорату идораҳо ва соҳибкорону тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ҳар яке аз мамлакатҳои зикршуда мулоқотҳои тоҷирону соҳибкорон гузаронида мешаванд. Тибқи нақша дар ҷараёни сафар имзои силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ пешбинӣ гардидааст, гуфт Д.Назриев.

Январь 14, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад