САФАРИ РАҲМОНОВ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

Январь 20, 2009 16:43

                 Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 январ дар деҳоти «Хаёти нав»-и шаҳри Ваҳдат мактаби нави №13 барои 624 талаба ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва Раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин иштирок намуда, ба истифода додани дабистони навро фоли неке аз рушди соҳаи маориф дар кишвар арзёбӣ карданд.                Мактаби мазкур аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 828 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шуд.               Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, мактаби навро сохтмончиёни корхонаи дорои масъулияти маҳдуди «Шарқ»-и шаҳри Душанбе дар давоми ду сол сохта ба истифода доданд.               Мактаб бо усули меъмории муосир сохта шуда, дорои синфхонаҳои кушоду барҳаво ва ихтисосӣ, толорҳои маҷлисию варзишӣ, ошхона ва дигар биноҳои зарурӣ мебошад.              Мактаб бо мизу курсӣ ва дигар воситаҳои таълимии муосир ҷиҳозонида шудааст. 20 января в сельсовете «Хайёти Нав» города Вахдата было сдано в эксплуатацию новую школу №13 для 624 учеников.              В церемоние открытие данного школа присуствовала зам Премьер- министр РТ Рукия Курбоновой, Министр образование

Январь 20, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад