«САФИНА» ДАР СОЛИ 2009 10 ФИЛМИ НАВ РӮИ НАВОР ОВАРДАНИСТ

Январь 14, 2009 13:43

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» тасмим гирифтааст, ки дар соли 2009 мувофиқи нақшаи чорабиниҳо,  на камтар аз 10 новеллаи телевизионӣ ба навор гирифта, пешкаши тамошобинон намояд, — қайд намуд Директори он Маҳмадсаид Пиров дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар ин муаасиса баргузор гардид.  Дар нишаст, М. Пиров  дар бораи натиҷаҳои соли гузашта маълумот дода, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ  Идораи таҳияи филмҳо ва дубляжи муассиса  фаъол буда, 20 филми бадеӣ, 24 филми мустанади илмӣ-оммавӣ, 4 филми тасвириро тарҷума ва дубляж намуд. Дар дубляжи филмҳо журналистони худи муассиса низ ҷалб карда шудаанд.  Ҳамчунин дар ин давра дар муассиса 4 филми бадеӣ таҳия гардид. Филмҳои «Қиссаҳои орзуҳои осмонӣ» ва  «Афсонаҳои зиндагӣ», ки инъикосгари ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва тарғибгари инсондӯстию меҳанпарастӣ мебошанд, дар кинотеатрҳои пойтахт, як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ва вилояти Суғд намоиш дода шуданд.Банаворгирии филми  «Пуштаи хандақпеч» аз рӯи асари ҳамноми Муҳаммад Ғоиб дар таҳияи коргардон Саид Қодирӣ дар арафаи анҷомёбист. Инчунин филми бадеӣ-телевизионӣ «Мӯза» дар таҳияи коргардон Юнус Юсуфов рӯзҳои наздик рӯи навор хоҳад омад. М. Пиров изҳор дошт, ки аз моҳи феврал муассиса ба наворгирии филми ҳуҷҷатро дар бораи Тоҷикистонии шурӯъ менамояд. Барои дар сатҳи баланд офаридани ин филм аз давлатҳои дигар режжисер-коргардонҳо даъват карда мешаванд. Мутаассифона, — қайд намуд директори «Телевизиони Сафина», барои офаридани филми мустанад ё телевизионӣ бахшида ба Соли бузургдошти  Имоми Аъзам, алҳол ягон сценария пешниҳод нашудааст.

Январь 14, 2009 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад