САФИРИ НАВИ КИПР ДАР ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ГАРДИД

Январь 23, 2009 08:59

                Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири нави Ҷумҳурии Кипр дар Федератсияи Русия Петрос Кесторас ба нишони эҳтиром ба ҳузури сафири кабири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ташриф овард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду кишвар муҳокима шуданд. Ҳар ду ҷониб дар ин хусус ҳамфикр буданд, ки мамлакатҳояшон барои равнақу ривоҷи муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои калон доранд.              Сафири Кипр ба А.Достиев барои пазироии самимонааш изҳори сипос намуда, зикр кард, ки вай ҳамзамон сафири мамлакаташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Бинобарин рӯзҳои наздик барои супурдани эътиборномаи сафораташ ба сардори давлати Тоҷикистон ба Душанбе ташриф меорад.

Январь 23, 2009 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад