САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БА МАРДИКОРОНИ ТОҶИК КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 28 нафар мардикори тоҷик ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ариза навишта, хоҳиш карданд, ки ба онҳо дар бораи гирифтани музди корашон кӯмак расонад. Аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мардикорони тоҷик дар деҳаи Архангелскаяи ноҳияи Воскресенск дар сохтмони яке аз биноҳо кор мекарданд ва корфармо музди кори онҳоро дар давоми моҳи декабри соли гузашта ва январи соли равон надодааст. Гурӯҳи кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия барои тафтиши далелҳои аризаи мардикорон ба маҳалли сохтмон рафтанд. Маълум шуд, ки далелҳои дар аризаи мардикорон овардашуда дурустанд. Намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарияти сохтмон мулоқот гузаронданд. Дар натиҷа ба мардикорони тоҷик як қисми музди корашон дода шуд. Роҳбарияти сохтмон ваъда дод, ки музди кори боқимондаи онҳоро рӯзҳои наздик хоҳад дод. Тарҷумон — Қудратов А.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






